26469.fb2
Љузъиёти парвандаи ояндаро хаёлан тањурў карда, Тансиќбоев аз матонати маќсаду мантиќи нияти хеш эњсоси ќаноатмандї намуд. Бо вуљуди ин, њис мекард, ки њанўз чизе намерасад, лозим буд, ки боз чизи наве дарёбад, гўё далелњое њанўз корбаст нашудаву чунон ки мебояд, мавриди дарки амиќ ќарор нагирифта буданд.
Масалан, ишорањои Ќуттибоев аз вазъи манкурт нињонї чизе дорад, охир. Манкурт! Манкурти фирефтае, ки модари худро куштааст! Албатта, ривояти ќадима аст он, вале Ќуттибоев, ки онро сабт кардааст, зимнан чизеро дар назар доштагист?! Бењудаву тасодуфї бо чунин љидду љањд ва муфассал рўи коѓаз наовардааст он ривоятро. Манкурт, манкурт… Чї нуктае нињон аст ин љо, агар рамзест, чї маънї дорад? Ва, муњимтар аз њама, Ќуттибоев ќиссаи манкуртро дар фаъолияти вайронкориаш чї хел, дар кадом шакл, ба чї тарз истифода бурданї буд? Хира-хира ким-чизи аз назари идеологї шубњанокеро дар ривояти манкурт пай бурда бошад њам, Тансиќбоев њанўз онро ќатъї изњор карда наметавонист, њоло пурра бовар надошт, ки мањбусро муттањам намуданаш муяссар мешавад. Хайр, ќиссаро, чунон ки дар ин мавридњо роиљ аст, зиддихалќї бигўяду мањз барои њамин ба љавобгариаш бикашад-чї? Дар ин љињат Тансиќбоевро салоњият камтар буд, инро худаш хуб мефањмид. Ба ягон олим мурољиат кардан даркор. Ифшои миллатчиёни буржуазї, ки имрўз ќайдаш карда истодаанд, њамин хел сурат гирифт-ку – аввал гурўњеро дарёфтанд, ки дар миллатчигию бар зарари даврони сталинї тавсиф намудани гузашта айбдораш кунанд ва њамин кофї буд, ки осиёб рўзу шаб гардон бошад. Не, ягон сир њаст, ки Ќуттибоев он ќадар бо љидду љањд ќиссаи манкуртро рўи коѓаз овардааст. Боз як бор бодиќќат њар як калимаро бояд хонд ва агар ягон асосаке пайдо бишавад, тањияи ќиссаро њам истифода карда, ба парванда афзудан ва чун гуноњ ба кор бурдан лозим.
Ѓайр аз ин, аз байни коѓазњои Ќуттибоев матни боз як ќисса бо номи «Ќатл дар Сарой», ки аз замонњои Чингизхон ривоят мекунад, пайдо шуд. Тансиќбоев, ки дар ибтидо ба он ќиссаи доќиёнусї ањамият надода буд, танњо акнун ба хаёл рафт. Охир, дар он њам, агар наѓзакак биандешї, кинояи сиёсие метавон дарёфт.
Њангоми юришаш ба Ѓарб, рўзњои ќўшуни бешуморашро дар пањнои бекарони Осиё аз паи худ њидоят намудан, Чингизхон дар дашти Сарой маросими ќатле барпо карда, як юзбошї ва љавонзани зардўзеро, ки бар парчамњои абрешимии нусраташ аждањорњои оташнафас медўхт, ба дор кашид.
Он ваќт ќисми зиёди Осиё аллакай зери дасти Чингизхон ќарор дошту ба улусњо људо ва миёни писарону наберагону лашкаркашонаш таќсим шуда буд. Акнун бояд таќдири кишварњои он соњили Итил[*]*, таќдири Аврупо њал мешуд.
Дар дашти Сарой он дам тирамоњ њукм меронд. Баъди боронњои паињам кўлу дарёњои тобистон хушкида сероб шуданд ва акнун аспонро дар роњ шодоб кардан мумкин буд. Издињоми дашт мешитобид, чунки фатњи дашти Сарой ќисмати душвортарини юриш њисоб меёфт.
Се тумани дањњазорнафара, парчамњояшонро афрошта, пеш-пеш мерафтанд. Ќудрати онњоро аз рўи њаракаташон – пардаи чангу ѓуборе, ки аз суми аспонашон мехесту чун дуди сўхтори азиме то дурињои дур уфуќро мепўшид, ќазоват кардан мумкин буд. Ду тумани дигар, њамроњи галаи аспони эњтиётї, корвон ва подаи говони ќисир – барои куштани њаррўза – аз аќиб меомаданд; ба пас нигариста, ба ин бовар њосил кардан мумкин буд – чанги он љо њам ба осмон мехест. Дигар ќуввањои љангї њам буданд, ки бино бар дурии бењадашон ба чашм намерасиданд. То мавќеи онњо – туманњои ќанотњои росту чап, ки њар яке сетуманї доштанд, аспсавор якчанд рўз рафтан лозим меомад. Он ќўшунњо мустаќилона сўи Итил њаракат мекарданд. То оѓози хунукињо дар соњили Итил, дар ќароргоњи хон вохўрии сарлашкарони њамаи ёздањ туман пешбинї шуда буд, то ки амалиёти минбаъда маслињат бишаваду ќўшунњо, Итили яхбастаро убур карда, сўи мулкњои сарватманду зебое, ки фатњашонро Чингизхон, сарлашкаронаш ва њар яке аз саворон орзў доштанд, роњ бигиранд…
Ана, њамин тавр, устувор, лањзае таъхир накардаву фурсатро аз даст надода, харакат мекарданд ќўшунњо дар он юриш. Ва, бадии кор дар њамин буд, ки занон њам дошт корвони онњо.
Худи Чингизхон, бо ним њазор посбонон – кезегулњову надимон – жасавулњояш, ки дар юриш њамроњиаш мекарданд, чун љазираи шиновар дар байни ќўшунњо њаракат менамуд. Лекин ба тарзи хос – пеш-пеши онњо мерафт ў. Фотењи Чањор Сўи Олам одами зиёдро хуш надошт, махсусан, њангоми юриш, ки бештар сукут кардану ба пеш нигаристан ва андешаи кор намудан лозим аст.
Ў савори саманди дўстдоштааш – Хубаи ањлу беозор, сарисинадамида, ёлсафеду думсиёњ ва нармрафтор, ки зери зини хон ќариб ними дунёро тай карда буд, роњ мепаймуд. Ду аспи эњтиётии низ бењад тобовару даванди дигараш бо рикоби дурахшонафзори хон, ки асппарварони савора мебурданд, сабук равон буданд. Хон аспонашро сарибод, њамин ки яке каме араќ кард, иваз менамуд.
Вале љолибтарин чиз на атрофиёни Чингизхон – кезегулу жасавулњои љасур буданд, ки њаёташон беш аз худашон ба хон тааллуќ дошт ва, бино бар ин, чун дами шамшер бисёр сахтгирона мунтахаб мешуданд ва на самандњои олиљаноби чун зари холис камёбашон. Оре, чизи љолиби он юриш тамоман дигар буд. Тамоми роњ, Чингизхонро аз офтоб панањ карда, болои сараш абре шино менамуд. Куљое, ки мерафт, абр аз паяш равон буд. Абраки сафед, ки њаљми хаймаи калонеро дошт, чун мављуде аз пушти ў мерафт. Ва ба хотири касе намерасид, ки – абр кам аст дар осмон, охир, - он фол аст. Афлок ба Фотењи Оламњо фотиња додааст. Вале худи Чингизхон, ки инро медонист, батадриљ абракро назора карда, бештар бовар њосил менамуд, ки он, дар њаќиќат, аломати Осмон-Тенгри, рамзи ќазост.
Пайдоиши абрро ѓайбдони дарвеше, ки Чингизхон боре имкони наздик шуданаш дод, пешгўї карда буд. Он мусофир ба зону наафтод, хушомад нагуфт, пешбинињои тамаллуќкорона накард. Ўи харобу љандапўш, ки бо мўњои бетартиби ба китфон хамидааш зани мўпарешонро мемонд, рў ба рўи афти мудњиши фотењи сањрої, ки дар юртаи заррин рўи тахт менишаст, сарбаланд меистод. Дарвеш љиддинигоњ, баришуфаш, гандумгуни харобрў буд.
- Ман омадаам ба ту бигўям, ки, хоќони кабир, - тавассути уйѓури тилмоч гуфт ў, - бо хости Афлок бароят аз боло рамзи хосае ирсол хоњад шуд.
Чингизхон аз ин изњори ногањонї лањзае лол монд. Ин дарвеш, ё аз аќл бегона аст, ё намефањмад, ки анљоми ин кораш чї мешавад.
- Чї хел рамз? Ту инро аз куљо медонї? – базўр хашмашро фурў бурдаву пешониашро чин карда, мувољењ шуд зўри зўрон.
- Аз куљо донистанамро гуфтан манъ аст. Вале чї будани он рамзро мегўямат – дар болои сарат абре падид омада, њамроњиат мекунад.
- Абр?! – Њайраташро пинњон накардаву тунд абрў дарњам кашида, хитоб намуд Чингизхон. Њамоно њозирон беихтиёр омодаи таркиши хашми хон шуданд. Лабони тилмоч аз тарс сафед гашт – аз эњтимол дур набуд, ки љазо ўро њам дарёбад.
- Оре, абр, - љавоб дод ѓайбдон. – Он нишонаи Ќазои Афлок аст, ки воломаќомии мутлаќатро дар рўи замин шањодат медињад. Ту бояд он абрро эњтиёт кунї, вагарна, гумаш, ки кардї, аз ќудрати беназират мемонї…
Дар юртаи зарин хомўшии гароне њукмфармо шуд. Дар он лањза аз Чингизхон њама чизро интизор шудан мумкин буд, вале баногањ, хашми нигоњаш, њамчун оташи нимсўзи гулхан, хомўш гардид. Майли бемисли љазодињиашро фурў нишонда, фањмид, ки суханони фолбини дайдуро густохии бадќасдона гирифтану љазояш додан лозим нест; бо ин шаъни хонии хешро паст мекунаду бас. Бино бар ин, лабханди маккоронаашро миёни мўйлабњои тунуки зардаш нињон дошта, гуфт:
- Фарз кардем, Афлок ин суханонро ба дили ту андохт, ки ба мо бигўї. Фарз кардем, ки ман бовар кардам. Лекин, бигў, эй мусофири хирадманд, ки ман он абри озоди осмонро чї гуна эњтиёт карда метавонам? Шояд галабонњои савори аспњои болдорро бифиристам, ки нигоњубинаш бикунанд? Ё чун аспи сур, ба њар эњтимол, лаљомаш бизананд?! Абри осмониеро, ки бод сад сўяш мебарад, ман чї хел эњтиёт карда метавонам?
- Инаш – кори ту, - кўтоњ посух дод мусофир.
Боз њама карахт шуданд, аз нав хомўшии амиќ њукмрон гардид, лабони тилмоч бори дигар сафед шуд ва як кас њам аз ањли юртаи зарин љуръат накард сўи ѓайбдони бадбахт, ки аз аблањї ё ба хотири ким-чї худро мањкуми марги яќин карда буд, бингарад.
- Инъомаш кунеду бигуселонед, - зери лаб гуфт Чингизхон ва суханонаш ба дилњо, чун ќатрањои борон ба мазраи хушкида, љон бахшиданд.
Он њодисаи аљибу ѓариб базудї аз ёдњо рафт. Дунё пури содалавњу аблањон аст, охир. Ёфтааст ѓайбдонашро! Вале, он мусофир танњо аз сабуксарї бо сараш бозї кард гуфтан њам, аз рўи адолат набуд. Охир, нафањмида наметавонист, ки ба чї роњ по мондааст. Њамон замон, барои густохиву беэњтиромї, парпечон карда, ба думи аспи вањшие бастану шармандавор куштанаш пеши казегулњои хон душворие надошт. Бо вуљуди ин, чизе он мусофири навмедро такон доду талќин кард, ки њамчуноне пеши шери биёбон, рўёрўи њокими берањму хашмитарин биистаду бе тарсу ларз гапашро бигўяд. Рафтори девонаавзое буд он ё воќеан пайки Афлок?
Ва танњо њангоме ки дар ташвишњои айёми гузарон њамааш фаромўш шуд, баъди ду соли расо баногоњ ѓайбдони бадбахт боз ба ёди Чингизхон омад.
Расо ду соли салтанат сарфи омодагии юриши Ѓарб шуд. Баъдтар Чингизхон бовар њосил кард, ки ин ду сол пурфайзтарин давраи љамъоварии ќувваю воситањо буд барои тасхири дунё, расидан ба маќсади дилљўяш, ба даст овардани сарзамину кишварњое, ки бо фатњашон метавонист худро Њокими воќеии Чањор Сўи Олам, дуртарин њудудњои дунё бињисобад; дуртарин њудудњои дунё, ки расидани суми аспсаворони шикастнопазираш имкон дошт. Моњияти мудњиши он њокими сањрої, вазифаи таърихии ў маљмўан дар њамин ѓояи девонаворона, њамин њирси серинопазири дороиву иќтидори мутлаќ ифода меёфт. Аз ин рў, њаёту мамоти салтанати ў – њамаи улусњои тобеаш дар пањнои бепоёни Осиё, кулли ањолии гуногуннажоде, ки зери дасти бетарањњумаш ба таќдир тан дода буданд, љумлаи дорову ќашшоќи шањру бодиянишин ва, нињояти кор, њар як шахс, касеву чикорае набошад, батамом тобеи њамин њирси шайтонии умрбод носер – истилоњои нав ба наву фатњњои тоза ба тозаи сарзамину халќњо буд. Њамин буд, ки њама саросар банди хидмати муштарак буданд, њама ба нияти ягона – љамъ овардану афзудану такмили иќтидори њарбии Чингизхон итоат мекарданд. Ва њама чизе, ки аз конњо ба даст овардану сарфи силоњсозї намуданаш муяссар мешуд, тамоми амали бунёдкоронаи мардум ба коми истилову љањиши муќтадири Чингизхон ба Аврупо, љониби шањрњои бенињоят дорояш, ки њар як сарбозро ѓанимати дилхоње интизор аст, сўи љангалу чарогоњњои то синаи аспон алафзораш, ки ќимиз дарёсон мешорад, фурў мерафт; шарики салтанати дунё хоњад буд њар нафаре, ки зери шўълаи парафшони аждањори парчамњои Чингизхон юриш мекунад ва аз файзи пирўзї, чун аз зане, ки оѓўшаш волотарин лаззати олам аст, бањра хоњад бурд. Ба набарду пирўзиву фатњи сарзаминњо амр медод хоќони бузург ва фармонаш амалї мешуд…
Чингизхон бо тамоми вуљуд марди амал буд, ки њар як чизро ќаблан ба њисоб гирифтаву пешбинї мекард. Њангоми тайёрї ба истилои Аврупо љињатњои майдатаринро њам омўхту ба назар гирифт. Тавассути љосусони содиќ, хоинон, тољирону њољиён, дарвешони мусофир ва кордонњои чиниву уйѓуру арабу форс њамаи чизњоеро, ки барои њаракати издињоми бузурги њарбї зарур буд – роњу гузаргоњњои мувофиќтарро фањмид. Ў расму русум, дину шуѓли сокинони љойњоеро, ки ќўшунаш мешитофт, ба назар гирифта буд. Чун навишта наметавонист, лозим меомад, ки он њамаро, бо назардошти фоидаву зарари њаводиси юриш, дар хотир нигањ дорад. Танњо ба њамин тариќ тартиби кор, ва аз њама муњим, интизоми ќатъиву сангинро љорї кардан мумкин буд, мањз њамин хел ба комёбї умед бастан имкон дошт. Ва ягон зарра нармдилиро ба вуљуди хеш роњ намедод Чингизхон: касеву чизе набояд ба маќсади асосии ў – фатњи Аврупо халал бирасонад.
Мањз њамон ваќт, сари тартиби корбарии хеш андешида, Чингизхон амри гўшношуниде дод, ки таваллудро дар ќўшуни бешумораш манъ мекард. Гап дар он буд, ки зану кўдакони саворасарбозњояш одатан бо корвон аз паси ќўшун мерафтанду њамроњи он аз љое ба љое кўч мебастанд. Ин анъана дер боз давом дошту аз зарурати њаёт бармеомад, зеро дар задухўрдњои беохири ќабилавї душманон пайваста ќасосгирї мекарданду ањли аёли њамдигарро, ки бе пуштибон монда буданд, нобуд менамуданд. Ва дар навбати аввал занњои умедворро мекуштанд, то ки решаи авлодро бибуранд. Бо мурури замон зиндагї таѓйир ёфт. Ќабилањое, ки ќаблан пайваста душманї доштанд, дар замони Чингизхон њарчи бештар оштї мешуданду зери гунбази давлати бузурги ягона муттањид мегаштанд.
Дар љавонї, замонњое, ки Чингизхонро њанўз Темучин ном мебурданд, худи ў њам бо ќабилањои њамсоя кам наљангида буд; хунхорї хам намуду љабрњо њам дид ва зани дўстдоштааш Бортэро њам, њангоми њуљуми меркитњо, дуздидаву канизак карда буданд. Сари ќудрат омада, Чингизхон берањмона зидди задухўрдњои ќабилавї баромад. Кашокашњо ба њокимияти ў халал мерасонданд, пояи давлаташро суст мекарданд.
Солњо гузаштанд ва батадриљ зарурати тарзи кўчманчиёнаи зиндагии оилањо аз байн рафт. Вале сабаби асосї он буд, ки оилањо дарди сари ќўшун шуда, њангоми амалиёти бузургњаљми њарбї, махсусан ваќти њуљум ва убури дарёњо, ба сафарбаркунї халал мерасонданд. Аз ин рў буд амри ќатъии њокими сањрої, ки ба занњои њамсафари ќўшун то анљоми музаффаронаи юриши Ѓарб зойданро манъ мекард. Ин амрро ў, якуним сол пеш аз њуљум дода, гуфта буд:
- Мамлакатњои Ѓарбро маѓлуб кардему аспњоро нигоњ дошта, по аз рикоб ки гирифтем, занњои ќўшун, чї ќадаре бихоњанд, бизоянд. То њамон ваќт гўши ман бояд нашнавад, ки зане дар тумане зойдааст…
Ба хотири пирўзињои љангї Чингизхон њатто ќонунњои табиатро инкор мекард, ки худ тањќири Њаёту Худованд буд. Њамли зан, ки кори Худост, Худоро њам ба хизмати хеш кашиданї буд ў.
На касе аз байни мардум эътироз карду на аз ќўшун – касе ба ин бедодї фикри эътироз кардан њам надошт; он ваќт њокимияти Чингизхон аллакай чунон муќтадиру муттамарказ шуда буд, ки њама бечунучаро ба амри гўшношуниди манъи зойиш сар фуроварданд, чунки љазои саркашї ногузир марг буд…
Рўзи њабдањум буд,ки Чингизхон ба юриши Ѓарб мерафт ва рўзи њабдањум буд, ки њолати хосу бемонанди рўњашро эњсос мекард. Зоњиран хоќони бузург худро, чун њамеша, муносиби љоњу љалоли хеш – љиддї, канораљў, мисли шоњини фориѓ воменамуд. Вале ботинан меболиду месуруду шеър мегуфт:
…Шабњои абрї
Юртаи маро дар оѓўши гарми хеш гирифта,
Посбонони ман бедорхобї мекашанд,
То маро дар юртаи чун ќасрам хоби бароњат
бубахшанд.
Имрўз, дар роњи сафар, мехоњам шукрона кунам:
Посбонони деринаи шабњоям
Маро бар тахти хонї нишонданд!
Зери барфу зери борон,
Ки саропои кас ба ларза меояд,
Зери селборону резаборон
Гирдогирди юртаи сафариам,
Маро ташвише надода,
Хотири љамъи мананд посбонони ман!