26469.fb2 Пораабри сафеди чингизхон - читать онлайн бесплатно полную версию книги . Страница 3

Пораабри сафеди чингизхон - читать онлайн бесплатно полную версию книги . Страница 3

Имрўз, дар роњи сафар, мехоњам шукрона кунам:

Посбонони муќтадири шабњоям

Маро бар тахт арљ доданд!..

Дар миёни душманони шўру исёнгар,

Садои базўр шунавои тирдонро шунидан замон,

Бетаъхир

Ба набард бархостаанд онон. 

Ба посбонони зираку њушёри шабњоям

Имрўз, дар роњи сафар, шукрона мегўям:

Ёлњоро зери нури моњ бадхашмона сих карда,

Галаи бовафои гургон

Пешвояшонро њангоми шикор дар њалќаи хеш

 мегиранд.

Њамчунин, дар ин њуљум ба Ѓарб

Аз ман људонопазир аст галаи кабудёли ман.

Посбонони маснадам дар њама љо бо мананд…

Шукронаи онњо мекунам дар роњи сафар…

Ин шеър, агар баланд садо медод, дар забони Чингизхон бисёр бељо буд – дигар кор надорад, ки ба баёни эњсосот машѓул мешавад ў! Вале дар ин роњи сангин, ки аз субњ то шомаш дар хонаи зин мегузарад, шеъргўї њам мумкин.

Сабаби болидарўњии Чингизхон абри сафеде буд, ки њабдањ рўз боз, аз субњ то шом, болои сараш дар осмон шино мекард – куљое, ки мерафт, абри сафед дар тори сараш буд. Пешгўии пайѓамбаронаи ѓайбдон оќибат рост баромад. Вале он ваќт кї бовар мекард! Барои беэњтиромии рўиросту густохие, ки дар хаёли кас намегунљад, худи њамон соат он содалавњакро ба љањаннам фиристодан душворие надошт, охир; лекин дарвеши овора кушта нашуд. Пас њукми таќдир чунин будааст.

Њанўз рўзи аввали юриш, њамин ки туманњову корвону галањо, мисли рўдњои тирафоми айёми обхез, тамоми пањноро ишѓол намуда, сўи Ѓарб ба роњ даромаданд, чоштгоњ, њини сарибод иваз намудани аспи бењолгаштааш, Чингизхон тасодуфан боло нигарист, вале ба абраки сафеде, ки рост дар болои сари ў оњиста шино мекард ва ё шояд бењаракат меистод, њељ ањамияте надод – осмони кушод абри кам дорад магар?

Ў дар ињотаи кезегулу жасавулњое, ки дуртар аз вай роњ мепаймуданд, банди хаёлњои худ, хавотиромез аз рўи зин ба атроф нигариставу њаракати ќўшуни бисёрњазорнафараи мутеонаю пурљањд ба фатњи дунё шитобонаш, ќўшуни чандон ба иродааш мутеъ ва чандон дар иљрои ниятњояш кўшоро, ки гўё на инсонњои њар яке ботинан хоњони мисли ў соњибќудрат шудан, балки ангуштони дасташ бошанд; ангуштоне, ки лаљоми аспашро банавбат андар худ медоранд, назора намуда, пеш мерафт.

Аз нав ба осмон нигариставу њамон абрро болои сари хеш дида, Чингизхон боз њам бар он наандешид. Оре, ўи гирифтори нияти фатњи дунё фикр накард, ки абри осмон барои чї пайваста тор-тори сари ўи хокї дар њаракат аст. Наандешид, ки чї муносибате миёни онњо буда метавонад.

Ба чашми касе њам аз ањли юриш он абрак натофт, касеро ба он коре набуд, касе њам гумоне надошт, ки дар рўзи рўшан мўъљизае рух додааст. Вазифаи онон тањи пои худро дидан буд, на осмони нопайдоканорро назора кардан. Ќўшун, чанги суми аспону чархи аробањоро ба осмон хезондаву масофањои тайшударо шояд абадї ва бебозгашт аќиб нињода, дар намуди анбўњи тирафоме равон буду равон. Њамаи ин ба хотири як сару савдо ва иродаи хон сурат мегирифт ва дањњо њазор одамон, сардарфармону умедвори ў, дар њирси дарёфти шўњрату ќудрату сарват, бо майли тамом мерафтанду мерафтанд.

Бад-ин минвол, то шомгоњ роњ паймуданд. Одатан, дар њамон љое, ки шаб фаро мерасид, лангар мепартофтанду субњ боз роњ пеш мегирифтанд.

Барои шаббоши хону ањли рикобаш ќаблан юртањои мўњташаме устувор мекарданд, ки гунбазњои сафедашон њанўз аз дурињо метофт. Парчами хон – матои сиёњи њошияњояш арѓувонї ва бар рў акси аждањоре, ки бо риштањои зарин аз абрешим дўхта шуда буду аз комаш шўълањо мељаст, аллакай бар фарози юртаи асосї парафшонї мекард. Кезегулњо - бањодурони мунтахабу гирифтачењра, чашм аз роњ наканда, мунтазири њоким меистоданд. Дар ин љо шомонаи умум барпо мешуд ва, низ дар њамин љо Чингизхон нахустмулоќоташро бо нойонњои ќўшун доир карданї буд, ки натиљањои рўзи аввали юришро муњокима ва наќшањои фардоро тарњрезї намоянд. Барори оѓози њаракати бузургаш Чингизхонро ба лутфу марњамат моил мекард – ў он шаб барои нойонњо базм барпо карда, суханони онњоро шунидану худ низ амру фармоне интишор намудан мехост; ва чун пешаш њама њушу гўш мешаванд, њар сухане, ки ў бар забон хоњад овард, барои тамоми Чањор Сўи Олам гуфта хоњад шуд, ба ќарибї Чањор Сўи Олам мутеъона ба њарфи ў гўш хоњад дод; барои њамин њам лашкар кашидааст ў – барои талќину иќрори сухани хеш. Сухане, ки ќудрати абадист.

Вале баъдтар Чингизхон базмашро хобонд. Дили пуризтиробаш танњої мехост. Сабабаш он буд, ки…

Ба љои дамгирї наздик шуда, Чингизхон боз, бори сеюм ба абри шиноси тори сараш диќќат дод ва якбора дилаш гум зад. Моту мабњути дарки фавќулъодаи хеш, саропо сард гашту замин дар назараш тањурў шуд – ба як зўре даст ба ёли аспаш бурд, ки сарнагун наравад. Њаргиз бо ў чунин њолат рух надода буд, зеро мављуде рўи Замини сияњпистон – ин асоси вайронинопазири дунё, ки Афлок барои њаёту њокимият эњдо кардааст, ўро чандон мафтун карда наметавонист, ки аз ѓафлат ба њайрат биёяд; чунин менамуд, ки њамааш рўшан аст, ягон чиз дар ин дунё ќодир нест, ки хиради бетарањњуми ўро мафтуну дили аз хунрезињо сангбастаашро мањзун бикунад; њоло нашудааст, ки ў, номуси хониашро ба хок афканда, аз тарс чун занон ба ёли асп часпида бошад. Чунин нашудааст ва набояд бишавад, чунки хеле барваќт, гуфтан мумкин, аз бачагї, аз он замоне ки бародари худ – Бектери наврасро бо камонѓўлаки хеш парронд, - зоњиран – барои як моњияки башастафтода, вале дар асл,- ў бо њиси бемањал бедоршудаи гургонааш бў бурд, ки зини ќисмат барои ду кас танг аст, - аз њамон ваќт ин љониб, зиндагиро бо роњи дурусту беѓалат – муштзўрї дарёфт; чизе нест ва нахоњад буд, ки пеши ќудрат мутеъ нашавад, ба зону наафтад, рангаш наканад; чї љои бандаи осї, ки сангу оташу обу дарахт ва дарандаю паранда аз фишори зўри љоњилона ба хоки тира яксон мешавад.

Љое, ки зўрї њукмрон аст, зар љуз мисе несту гул – љуз хоре. Бино бар ин, хулосае бармеояд: њар чизе, ки помол карданаш имкон дорад, ночиз аст ва њар касе, ки бар поят меафтад, - вобаста ба кайфи њоли мутарањњим – сазовори тарањњум. Дунё њамин аст…

Вале Афлок, ки таљассуми Абадияту Бекаронист ва гоње дарвешони Њимолойу китобхонњои овора тафсираш мекунанд, дигар аст. Оре, як ў, Осмон-Тенгрии дастнорас зери њукму фармони ў нест. Балки пеши он ў худ касе нест – на исён карда метавонаду на тарсонда ва на зиддаш лашкар кашида. Илољи ягона пеши Осмон-Тенгри, ки аз ќисмати заминиёну чунон ки китоббозњои Њимолой мегўянд - њаракати дунёњо огоњ аст, ниёиш кардану сари таъзим фуровардан аст. Аз ин рў, чун њар як бандаи миранда, бо дуову ќурбонињояш Осмонро зорї мекард, ки лутфу марњаматаш намояду олами хокиро батамом зердасташ кунад; ба гуфти њакимони овора, Коинот, ки пури оламњо бошад, Осмонро мушкил аст, ки олами хокиро зери њокимияти пурраву мутлаќи ўву авлодаш бисупорад; магар муќтадиртару арзандатар аз ў дар байни одамони рўи замин њаст? Нест, дигар одаме нест, ки аз ў зўртар бошаду Чањор Сўи Оламро идора карда битавонад. Ботинан ў торафт бештар бовар мекард, ки њаќќи махсуси аз Афлок дархостани њокими халќњо будан - он чизеро дорад, ки дигаре љуръати хоњишаш намекард; ягон кас бояд њукмронї бикунад, охир, пас бигзор он шахсе бошад, ки дигаронро зўран мутеи хеш бигардонад. Афлоки бахшандаю мењрубон то њол истилову ќудратафзоиашро халалдор накарда буд ва Чингизхон торафт мўътаќидтар мешуд, ки Афлок бар вай назари дигар дорад ва азизу авлиёяш мададгори ўянд. Лаънату нафринњои бемисли мардуми бадодомадаи кишварњое, ки ў ба дами теѓу коми оташ дучорашон карда буд, ба сараш фурў мерехт, вале кораш бобарор буду њељ яке аз ин нафринакњо ба афзоиши ќудрату шўњрати мудњишаш таъсире намедошт. Баръакс, њар ќадар ки дуои бадаш мекарданд, аз оњу фарёди мардум, ки Афлокро ба имдод мехост, бештар сарфи назар менамуд. Бо вуљуди ин, гоњ-гоњ ба дилаш вањму шубњае роњ меёфт, ки мабодо ќањри Афлокро биёраду гирифтори љазоњои он бигардад. Дар чунин њолатњо хони кабир лањзае карахт мешуд, худро дар худ саркўб мекард, тобеъонашро имкони даме фароѓат медод, омода мешуд таънаи сазовори Афлокро бипазирад ва њатто тавба кунад. Вале Афлок хашм намекард, норозигии худро зоњир намесохту ўро аз лутфи бекарони хеш бенасиб намегардонд. Ва ў, чун њангоми ќимор, бар раѓми он чизе, ки њукми азалаш мехонданд, њарчи бештар таваккал мекарду сабри Афлокро имтињон менамуд. Афлок тоќат мекард! – ва ў натиља мегирифт, ки барояш коре номумкин нест. Бо мурури солњо эътиќодаш мустањкамтар мешуд, ки ў мунтахаби Афлок, мањз Фарзанди Афлок аст.

Дар иду маросимњои бузург њофизон, самандсавор дар атрофи издињом гашта, дар сурудњои хеш Зодаи Афлокаш мехонданду њамзамон њазорон дасти дуо шодона сўи осмон боло мешуд. Вале ў, на бино бар ин ба он чизе сахт бовар кард, ки фаќат дар афсонањо бовараш кардан мумкин аст, не, ин њамаро љуз тамаллуќи содалавњонаи одамї намедонист ў. Хулосааш аз таљрибаи шахсї буд, яъне Осмони Яздонї барои он дар њама кор пуштибониаш мекунад, ки ў љавобгўи ниятњои Осмон-Тенгри ё худ амалкунандаи иродаи Осмони Воломаќом аст дар рўи замин. Яъне, Осмон њам, мисли ў, ќудрат, ќудратмандї ва ќудратмандро эътироф мекунаду бас. Ва чунин шахс љуз вай дигар кист?…

Вагарна он чизе, ки баъзан худашро њам њайрон мекард – чун шоњин ин ќадар босуръат ба ќуллањои шўњрати мудњиши сархушкунанда ва њокимии дунё баромадани ятимбачаи авлоди ќашшоќи араткиятњо, ки аз азал бо шикору чорвопарварї рўз мегузаронд, чї маънї дошт? Чунин њодисаи гўшношуниди таърихи салтанати дунёї чї хел сурат гирифта метавонист? Охир, зиндагї ќодир буд ба як саѓираи азљонгузашта ќисмати аспдузди чолокеро, ки ў дар аввал воќеан њам буд, беш надињад. Њољати тахмину гумон нест – бе хости Осмон–Тенгри њаргиз Темучини якаспаро парчами акси аждањори зарини оташнафасдор њидоят намекарду ном Чингизхон намешуд ва тахти Юртаи Тилої насиб намегашт!..

Ва, инак, оќибат аломате, ки ин њамаро тасдиќ мекунад, зуњур намуду шањомати раднопазиру исботи аёни назари лутфи осмон ба хоќони Осиё падид омад! Ана, пеши назар аст он, абри дилрабое, ки зуњурашро ѓайбдони овора пешгўї кардаву ќариб сарашро бохта буд. Вале гапи ў рост баромад. Абри сафед руќъаи Осмон аст ба Зодаи Хеш, нишонаи писанду фотињаи нек, пайки пирўзињои бузурги ояндаи ўст. Ба хаёли касе аз њазорон нафарони юриш намеомад, ки мўъљизае чунин имконпазир аст, нафаре абри сафеди њамсафарро пай намебурд, њељ яке намеандешид, ки аз куљост ону барои чист. Кї њам бар абрњои озод меандешад?.. Танњо як ў, хоќони кабир, фармонравои издињоми беназири сањрої ва њодии он ба фатњи дунё, маънии амиќи зуњури абраки сафедро фањмид ва чунон моту мабњут шуд, ки гоњ ба имконпазирии ин зуњуроти гўшношунид бовараш меомаду гоњ не. Вуљудашро шубњаву гумонњои дилфишор фаро гирифтанд, ки мушоњидаву муносибаташро ба ин рухдод бигўяд ё на. Ў рози дил кардаву сир бикшояду абр дар як мижа задан ѓоиб шавад-чї? Мардум гумон намекунанд, ки ў девона шудааст?

Баъд ў боз худро ба даст гирифту имон овард, ки пайдоиши абр бењуда нест ва он баногањ ѓайб нахоњад зад, абрак пайки Осмон аст бар ў; он гоњ вуљудашро боз фарању эњсоси сабукболї, боварї ба дурандешии хешу дурустии юришаш бар тасхири Ѓарб фаро гирифт ва нияти бо шамшеру оташ бунёд намудани салтанати дилхоњи љањонї дар дилаш ќатъитар гашт. Њамин буд маќсади юришаш. Њамин буд раѓбати азалии салтанати њарисона. Њар ќадар, ки сарваташ меафзуд, боз бештар андўхтан мехост…

Рўзњои юриш сипарї мешуданд.

Абри сафед, ягон љониб моил нашуда, шино мекард пеши назари Чингизхон, ки савори саманди машњураш – Хуба роњ мепаймуд. Зотан њамин хел – ёлсафеду думсиёњ буд Хуба.

Донандањо мегуфтанд, ки чунин асп ситораи хоссае дорад, зеро дар њазор сол як бор пайдо мешавад. Саманд не, бодпои бемислу пуртоќате буд Хуба. Мисли селборони гарм, ки башиддат рўи замин мерезад, йўрѓаву тезрафтор буд. Аспе буд, ки лаљомашро сар бидињї, дар гармии талошаш монанди борон, ки то охирин ќатра мерезаду хушк мешавад, то мурдан медавид. Як њофизи ќадим гуфта будааст: рўи ин хел асп одам бовар мекунад, ки абадзинда аст…

Хушбахту ќонеъ буд Чингизхон. Мадори тозаи бемисле эњсос карда, амал намудан, сўи маќсад тохтан мехост; ин лањза гўё худ бодпои хастагинопазире буду бо чорхези мавзун шитобон метохт, гўё чун дарёњо љисману рўњан ба гирдоби пуртуѓёни хуни саманди дартоз дармеомехт.

Оре, савору аспаш лоиќи њам буданду дар ќудрат аз якдигар намемонданд. Њамин буд, ки љулуси савори батанутўши биринљигун нишастани шоњинро мемонд: кафи пойњояшро бо ѓуруру бовари намоишкорона ба рикоб тиргак карда буд; бар асп, чун бар тахт, росту сарбаланд ва бо ифодаи оромии томи чењраи тангчашмаш менишаст ў. Саропояш ќудрату иродати њокими бузургеро аён месохт, ки ќўшуни бешумореро сўи шуњрату пирўзињо мебарад…

Хуллас, сабаби аслии сабукрўњии Чингизхон абри сафеде буд, ки чун рамз, њамчун афсари сарнавиште кабир, болои сараш шино мекард. Ва, ба ин маънї, њамаи мављудот, муносибу мутаносиб буданд. Абр… Осмон… Дар пеш - издињоми мутањаррик, дар дасти парчамдор – парчами юриш, ки њамеша наздики Чингизхон парафшонї мекард. Се нафар буданд онон – парчамдорони аз вазифаи бењад пурифтихори бар ишон боваршуда бовиќору маѓрур. Њар се, гўё махсус интихоб карда бошанд, рўи аспњои сиёњмушкин менишастанд. Дар байн нафаре парчамро бардошта мерафту ду нафари дигар, найзањояшонро сўи пеш нигаронда, аз ду тараф њамроњиаш мекарданд. Хоќонро ба пеш њидоят намуда, абрешими сиёњи зардўзї дар дами бод парафшонї дошту аждањори оташафшони он зинда метофт. Аждањор дар лањзаи љастан тасвир шуда буд ва чашмони дами хашм пурбину чун чашмони уштур барљастааш бо лаппиши матоъ ин сўю он сў рафта, воќеан зиндааш љилва медоданд…

Аз субњ боз хоќони матин аз хонаи зин ба юриш роњбарї менамуд. Аз чор тараф нойонњо асптозон ба ў хабар меоварданду сарибод амру фармонњо гирифта, чорхеззанон ба мавќеъњои хеш, ба ќўшуни мутањаррик бармегаштанд. Шитобидан лозим буд, ки то боронгариву лою чали пеш аз зимистон, охири тирамоњ ба садди асосии роњи юриш – соњилњои рўди бузурги Итил бирасанд ва сардиро мунтазир шуда, рўди яхбастаро бигзаранду сўи нияти наљиби хеш – фатњи Аврупо гом бубардоранд.

Юриш то беваќтї давом кард. Дашти нимторик зери анвори ба ѓуруб моили офтоб то ба дурињои дур, чандоне дур, ки вусъати дунёи пеши назарро тасаввур кардан мумкин бошад, тўл кашида буд. Ва дар он пањнои рангин аз анвори коњандаи хуршед, ки ним андар уфуќ буд, ваќти ѓуруб сафњои сарбозон, њазорон саворагон, ќўшунњое њаракат мекарданд, ки њар яке мавќеи худро дошт ва њама, аз дур љараёни рўдњои сиёњеро, ки шаб тираашон кардааст, ба ёд оварда, бомаром љониби офтоби рў бар ѓуруб мерафтанд.

Пуштњои афгори аспон танњо шабњо, ваќте ки ќўшун барои шабгузаронї меистод, аз зину саворњои хеш меосуданд.

Ва сањари барваќт дар ќароргоњ аз нав ѓулѓулаи добулбасњо – наќорањои бузургњаљми пўсти барзагов-кашида танин андохта, лашкарро ба идомаи юриш водор мекард. Бедор кардани дањњо њазор нафар одамон осон набуд, бино бар ин, бедоркунандагон кўшиши бењад ба харљ медоданд ва добулбасњояшон дар он пањнои бекарон, то њамаи мавќеъу истгоњњо, мунтазам ѓулѓула меафканданд.

Ин ваќт хоќон аллакай бедор буд. Ў ќариб ки пеш аз њама мехест ва бомдоди њанўз рўшани тирамоњон дар назди юртаи пуршукўњаш гардишкунон њушу ёди худро љамъ меовард, перомуни фикру хаёле, ки шаб ба сараш омада буд, меандешид, амрњо мекарду лањзањои фориѓї бодиќќат ба ѓулѓулаи наќорањо, ки ќўшунро рўи зину аробањо мехонд, гўш медод. Рўзи навбатї оѓоз меёфт, садои одамон, рафтуою овозњо меафзуданд ва юриши ба дарозои шаб ќатъгашта аз нав шурўъ мешуд.

Наќорањо њамоно танин меандохтанд. Ѓулѓулаи сањаргоњии онњо танњо даъвати бедорї не, балки чизе буд, ки маънии бештаре дошт. Бад-ин васила Чингизхон њар як нафареро, ки бо ў ба юриши бузург равон буд, хала-халаву бохабар мекард, он огоњии њокими серталабу собитќадаме буд, ки дар сурати ѓулѓулаи наќорањо пештар аз њар гуна фикру хаёли дигар, љуз афкоре, ки аз худаш бармеомаду иродаи худашро талќин мекард, чун ба дарњои баста, ба мафкураи нимхобу нимбедорон зада медаромад, чунки дар хоб одамон на ба иродаи худ тобеъанду на ба иродаи ѓайр; зеро хоб озодии бемаъниву бењудаву махуфест, ки баробари бозгашт аз хоб бояд ќатъаш кард; чизест, ки ќатъиву берањмона бар он мудохила намудан лозим аст, то ки бедоршудагонро ба воќеият – ба хидмат, ба итоати бечунучаро, ба амалиёт бозгардонї.

Аз ѓулѓулаи мудњиши ба наъраи барзагов монанди наќорањо њар дафъа ба бадани Чингизхон мурѓак медамид ва ин ба хотираи дерине вобаста буд: дар айёми наврасї, ваќте ки як рўз дар наздикињо ду барзагови бањамдарафтода пурхаш-мона овоз баровардаву бо сумњо хокро ба осмон бардошта, шохзанї мекарданд, вай, гирифтори ѓурроси мудњиши онњо, худ њам ёд надорад, ки чї хел камонѓўлаки љангиро ба даст гирифту тире ба синаи бародари њамхунаш – Бектери ѓанабида, ки барои моњияки аз дарё гирифтаашон бо ў љанљол карда буд, зад. Бектер, фарёди мудњише бароварда, парида хест ва, ѓарќи хуни хеш, гашта ба замин афтод; вай, Темучин, - оре, он ваќт ў танњо Темучин, ятимаки Есугай – бањодури бемањал даргузашта буду бас, - добулбасеро, ки пеши юрта мехобид, сари китф карда, аз тарс ба кўњ гурехт. Дар он љо, дар сари кўњ дурудароз ва якнавохт ба добулбас кўфту кўфт, дар поён бошад, модараш Аголен, бародаркушро дуои љон кардаву мўи сари хешро канда, фарёд мезаду менолид. Баъд дигарон давида омаданд ва, њама дастак зада, сўяш фарёд мекарданд, вале ў, беист бар наќора мекўфту чизеро намешунид. Барои чї бошад, ки касе наздикаш нашуд ва ў, то субњдам наќоразанон, дар њамон љо монд…

Акнун ѓулѓулаи мудњиши садњо добулбас нидои љангї, ѓурриши пурхашмона, рамзи бебокиву берањмї, огоњии ў буд ба ањли юриш, ки гўш бидињанд ва бархезанду ба амал биоѓозанд, сўи маќсад, ба фатњи дунё равон бишаванд. Хоњанд рафт онон, кулли одамону њайвоноте, ки гўши шунаво доранд, аз паи ў то охир, то поёни ин уфќи бекарон ва, саропо ларзида, хоњанд гўш дод ба ѓурриши наќорањои љангии вай. Њатто абраки сафед, ин шоњиди наву људоинопазири афкори нињони ў, зери садои сањаргоњии наќорањо, бемайлон болои сари ў чарх мезанад. Бодаки сахте парчами салтанатро, бо аждањори оташнафаси зиндамонандаш, љавлон медињад ва, ана, он ба рафти шамол рў-рўи матоъ медаваду аз ком шўълаи рўшане меафканад…

Њавои сањаргоњони рўзњои охир хуб омад.