26469.fb2 Пораабри сафеди чингизхон - читать онлайн бесплатно полную версию книги . Страница 7

Пораабри сафеди чингизхон - читать онлайн бесплатно полную версию книги . Страница 7

Имшаб њам мањтобї буд. Дар атроф, то дурї, бошишгоњњову галањо ба назар мерасиданд ва њама љо, пеши гулханњои хомўшшуда, сарбозон мехобиданд. Дар байни ин ќадар одаму ароба касеро њам ба куљо рафтани касе кор набуд. Ба њамин умед дошт Эрдене-юзбошї ва, агар ќисмати носозгор намешуд, ўву Догулангу писаракашонро фирор намудан муяссар мегардид…

Ба бошишгоњи њунармандон наздик шудан баробар, юзбошї фањмид, ки балое сар задааст. Хез зада, аз зин фуромад ва, лаљомњоро таранг ба даст гирифта, дар паноњи аспњо карахт шуд. Оре, мусибат рух дода! Дар назди юртаи канорї гулхани калоне месўхту атрофро бо алангаи изтиробангез рўшан мекард. Дар пеши он таќрибан дањ жасавул, баланд-баланд сўњбат карда, аспсавор меистоданд. Чанд нафаре, ки пиёда шуда буданд, аспу аробаро ќўш мекарданд, њамон аробаеро, ки ўву Догуланг имшаб савораш гурехтан мехостанд. Баъд Эрдене дид, ки жасавулњо Догулангро бо кўдак аз юрта берун карданд. Пўстини савсораш ба тан, ранги рўяш канда ва бепаноњу њаросон, тифлро ба сари синааш зер карда, дар рўшании гулхан меистод ў. Жасавулњо ким-чиаш мепурсиданд. Њар замон дўѓу дарангашон ба гўш мерасид: “Љавоб бидењ! Љавоб бидењ, мегўям! Фоњишаи осї!” Баъд нолаи Алтун-канизак баланд шуд. Бале, овози ў буд ин, бешубња, овози ў. Дод мегуфт, ки “Ман аз куљо медонам?! Охир, барои чї маро мезанед? Чї медонам, аз кї таваллуд кардааст ў? Охир, ана дар њамин љо, њамин њозир нашудааст-ку ин кор! Кўдакро, худатон мебинед, нав зойдааст, лекин, наход нафањмед, ки ин воќеа нўњ моњ пеш рух додааст! Пас ман аз куљо медонам, ки ў кай ва бо кї он корро кардааст? Чї маро мезанед, охир!? Вай бечорањакро чї метарсонед, охир, кўдаки навзод дорад ў! Магар дар хизмати шумо набуд ў ва байраќњои љангиеро, ки зерашон ба юриш меравед, оро намедод? Пас барои чї нобудаш мекунед, барои чї?”

Бечора Алтун, чун майсаяки зери суми асп, чї кор њам карда метавонист, дар сурате, ки Эрдене-юзбошї љуръати худро нишон додан надошт. Муќобили дањ жасавули мусаллањ аз дасти ў чї њам меояд, љуз мурдану як ё ду нафарашро бо худ бурдан? Вале чї суд аз ин? Гала-гала зўранд ин жасавулњо. Фурсат мепоянд, ки њамакаса дарафтанду азият бидињанду хун бирезанд!

Эрдене-юзбошї дид, ки жасавулњо Догулангу кўдакро ба ароба шинонданд, Алтун-канизакро њам бор карданд ва дар торикї куљое бурданд.

Ва бо њамин хапу хомўш шуд њама љову истгоњ холї монд.

Танњо акнун аз ким-куљои ќароргоњ ак-аки сагону шињаи аспон ва садоњои номафњуме шунида мешуданд.

Гулхани назди юртаи Догуланги зардўз кўрдуд мекард. Ахтарони дурахшон, ин њама љонканиву гирудори одамиро хомўшона фурў бурда, чунон бетафовут ба фазои тињї менигаристанд, ки гўё ногузир буд рух додани ин воќеа…

Эрдене-юзбошї, чун дар хобу хаёл ќадам нињода, бо панљањои дарзамон карахту сардгаштааш лаљоми аспи зиёдатиро даст-даст кард ва, бе эњсоси њаракоти хеш, онро бароварда, ба тањи пои асп партофт. Оњани лаљом хираяк садое дод. Эрдене нафастангї эњсос намуд, њаво гирифтанаш торафт вазнинтар мешуд. Бо вуљуди ин, ќуввате дар хеш дарёфта, ба пушти асп тап-тап зад. Дигар даркор набуд он асп, озод буд он акнуну зарурате надошт, бино бар ин, сарњўёна чорхез зада, ба галаи наздиктарин пайваст. Эрдене-юзбошї бехудона ќадам мезаду намедонист куљо меравад ва барои чї меравад. Аз аќиб оњиставу бесадо пешониќашќааш Оќжулдуз – аспи бовафои љангиаш ќадам мезад, аспе, ки ба сад набардаш бурда буд, вале натавонист савори он аробаи зани дўстдоштаву тифли навзодашро рањнамої кунаду аз ќисмати бад бигурезонад.

Эрдене, чун нобино, таваккалбахудо ќадам мезаду ашки шашќатораш бар ришаш мешорид ва нури сарди моњ рўи китфони хамидаву ларзонаш њаракат мекард… Сар-сарї мегашт ў чун дарандаи танњои аз гала рондаву дар дунёи бекарон ба њоли худ монда, ки битавонад, мезияду натавонад, мемирад. Роњи дигар надорад ў… Чї кор бикунад, сарашро ба куљо бизанад? Ѓайр аз мурдан, корде ба сари сина, ба дили беамон нолони хеш задану худро њалок намудан ва бо њамин дарди сўзони онро таскин бахшидану ќатъ кардан ва ё несту нобуд шудан, бебозгашт гурехтану абадї дар ягон гўр нопадид гардидан илоље нест ўро…

Юзбошї, худро ба рўи хок афканда, беовоз фиѓон кашид, ба шикам хазида, бо нохун сангњоро харошид, вале дили хок нарм нашуд, пас ў сари зону хест ва даст ба корди бари миёнаш бурд…

Дашт хомўшу тињї ва фазояш ситоразор буд. Танњо як аспи вафодораш Оќжулдуз зери нури мањтоб, хур-хур садо карда, пуртоќатона амри соњибашро интизорї мекашид…

Он субњ, ќабл аз рањакї шудан, наќорачиён, ки пешакї дар пуштае љамъашон карда буданд, бо садои хеш ќўшунро ба гирдињамої даъват намуданд. Добулбасњо, бонги изтиробангези шадиду њардамафзое бароварда, дергоњ хомўш нашуданд. Наќорањо, наќорањои пўсти барзагов, чун дарандаи бадомафтода, дурудароз ѓурида, издињомро ба ќатли зинокорзани парчамдўз, ки кам касон Догуланг ном доштанашро медонистанд, - зане, ки дар юриш кўдак зодааст, - мехонданд.

Ва зери ѓулѓулаи афсунгари наќорањо, сад паи сад, пуштаро нимињота карда, саф кашиданд дастањои чун дар намоишњо саропо мусаллањ; дар ду тараф бошад, аробањои пури бору банд ва ашхоси ёвар, њунармандони мухталифи юриш – юртасозњо, аслињасозон, саррољон, дўзандањо – занону мардоне љой гирифтанд, ки њама љавон ва дар айни борварї буданд. Барои тарсондану панд додани онњо барпо мешуд ин ќатли ибратбахш. Яъне, њар касе, ки љуръати вайрон намудани амри хоќон бикунад, аз умр бенасиб хоњад гашт!

Добулбасњо, хунро дар рагњо сард намуда, њамоно рўи пушта ѓулѓула доштанд. Ин садо вуљудњоро аз тарс карахт мекарду ба амале, ки бо райъи Чингизхон сурат мегирифт, розї ва, беш аз ин, њамдил мегардонд.

Инак, зери бонги мунтазами добулбасњо, рўи тахти равони зарин худи хоќон, ки ќатли осизани махуф - осизанеро, ки аз кї зойданашро њељ ошкор накард - ороста буд, ба пушта боло шуд. Тахти равонро рўи пуштаи хазонранг, миёни парчамњои аз нурњои нахустини офтоб дурахшону аз шамоли дашт парафшон фуроварданд. Рамзи хоќон буд аждањорњои оташнафаси бо тамоми ќувват паррони парчамњо, вале ў, хоќон, гумоне њам надошт, ки дўзандаашон варо не, дигареро таљассум кардааст. Дигареро, ки аждањори чобуку љасури хилватгањи оѓўшаш буд. Ва касе аз њозирин пай њам намебурд, ки акнун мањз барои њамин сарашро ба бод медињад.

Он лањза торафт наздиктар мешуд. Наќорањо батадриљ садояшонро паст мекарданд, то пеш аз ќатл батамом сукут биварзанду хомўшии гаронеро, ки дар интизории мудњишаш ваќт бењудуду бекарону бењаракат мешавад, шиддат бубахшанд ва баъд, боз баланду бадхашмона ѓулѓула афканда, лањзаи ќатъи зиндагиро бо садои вањшатбори хеш пур бисозанду дар вуљуди махмури њар яке аз шоњидон эњсоси ќасду кина ва шодмонии нињониеро барангезанд, ки мањкуми ќатли дор ў не, дигарест.

Садои наќорањо фурў менишаст. Њозирон саропо њушу гўш ва аспон зери зинњо шах шуданд. Чењраи Чингизхон њам љиддиву беифода буд. Аз лабони сахт ба њам фишурдаву нигоњи бефосилаи сарди чашмони тангаш гўё зањр меборид.

Баробари аз юртаи ба ќатлгоњ наздиктарин берун кардани Догуланги парчамдўз наќорањо аз забон монданд. Жасавулњои говзўр, аз тањи каши занак гирифта, ба аробаи дуаспа телааш доданд. Дар рўи ароба ўро аз аќиб жасавули гирифтачењраи љавоне дошта меистод.

Ашхоси сафњо, махсусан, занон, ба ѓур-ѓур даромаданд: “Ана, он дўзандазанак! Зинокор! Бешў зойдааст! Ба ин љавонию њусну љамол зани дуюм ё сеюми нойоне шуда метавонист, охир! Нойони пиреро меёфт-ку, њузур мекарду рўзи камиро намедид. Вале, инро бинед, ки ошиќбозї кардаву зойдааст, бењаё! Ба рўи хоќон туф мекард, бењтар буд! Акнун бигзор љазояшро бубинад. Бигзор дар кўњаи шутур дораш бикашанд! Давидани гўсола – то кањдон, хушрўча!” Ин мањкамаи пичир-пичирњо идомаи ѓулѓулаи бадхашмонаи добулбасњо буд. Барои њамин њам чунин баисрору ѓуррон ѓулѓула меандохтанд наќорањои барзаговинапўш, ки майнањоро гиљ кунанду нисбати оне, ки сабабгори хашми хоќон шудааст, адоват барангезанд.

- Бубинед, канизаку кўдакро бубинед! – шодона дод мезаданд занони корвон.

Њаќиќатан њам, Алтун-канизак буд, ки навзоди куњнапечро бардошта меомад. Пеш-пеши жасавули бадвоњимае, дар худ фурў рафтаву њаросон ба чор тараф нигариста, Алтун бар-бари ароба ќадам мезаду бо бори сари дасташ гўё љинояткории дўзандаи мањкуми маргро тасдиќ мекард.

Бад-ин сурат онњоро барои тамошои дањшатноки арафаи ќатл мебурданд. Догуланг мефањмид, ки акнун чизи дигареро чашм доштан имконнопазир аст, дигар на мебахшанду на авфаш мекунанд.

Дар юрта, пеш аз он ки ба шармсоркунї бароран-даш, кўдакро бори охир сина дода буд ў. Тифлаки бадбахти бехабар аз дунё, зери садоњои батадриљ фурўнишини наќорањо, ѓанаб карда буду бо љидду љањд пистон мемакид. Алтун-канизак њамроњашон буд. Дарун-дарун гириста, бо кафи даст дањонашро мепўшид, ки фиѓон накашад. Њамон лањзањо муяссарашон шуд, ки чанд њарфе радду бадал кунанд.

- Вай куљост? – Њарчанд медонист, ки Алтун њам аз ин бобат хабаре надорад, оњиста пичиррос зад Догуланг, бошитоб синаи дигарашро ба дањони кўдак монда.

- Намедонам, - гирякунон љавоб дод Алтун, - ба фикрам, аз ин љоњо дур.

- Кошки! Кошки! – Тавалло намуд Догуланг.

Канизак дар љавоб баалам сар љунбонд. Онњо њарду дар бораи як чиз меандешиданд – кош Эрдене-юзбошї битавонад, ки пинњон бишавад, дуртар бираваду аз чашм нопадид бигардад.

Аз пушти юрта садои помонї, пас овозњо ба гўш расиданд:

- Бикаш, буброршон акнун!

Занаки зардўз, охирин бор кўдакро ба сари синааш зер карда, бо њасрат бўи ширинашро фурў бурду пас бо дастони ларзон ба канизакаш дод.

- То зинда аст, нигоњаш кун…

- Беташвиш бош! – Алтунро ашк гулўгир шуд ва ў, дигар худро нигоњ дошта натавониста, сахту навме-дона фиѓон кашид.

Њамон замон жасавулњо расиданду берунашон кашиданд.

Офтоб баланд шуда, рўи уфуќ меистод. Дар паси издињоми ќўшуну аробањо, ки омода буданд баъди ќатли занаки зардўз роњи юришро идома бидињанд, ба чањор тараф дашти њамвору бењудуди Сарой тўл кашида буд. Сари яке аз пуштањои он равонтахти зарини хоќон медурахшид. Њангоми аз юрта баромадан Догуланг бо гўшаи чашм онро дид, ки рўяш хоќони Худосон дастнорас менишасту дар атрофаш байраќњои аждањори оташнафасдори худаш дўхта аз насими дашт парафшон буданд.

Аз зери чодари тахти равони сари пушта Чингизхон њама чиз – њам дашту ќўшун ва њам мардуми корвонро ба хубї медид, дар боло бошад, чун њамеша, тори сараш абраки сафеди бовафо шино дошт. Ќатли зардўз он субњ юришро ба таъхир меандохт. Вале анљоми як кор зарур буд, ки идомаи дигаре имконпазир бошад. Ин ќатл дар њузури ў аввалину охирин набуд – њар гуна саркашињо мањз њамин хел љазо дода мешуданд ва хоќон њар даъфа аз нав имон меовард, ки барои ба тартиботи ягонаи муќарраркардаи њоким итоат намудани мардум ќатли кушод зарур аст, зеро њам њарос ва њам шодмонии разилона, ки марги иљборї на ба сари худашон омадааст, одамонро маљбур мекунад љазои мудњишро чун сазои лозим бипазиранд ва амали њокимиятро натанњо маъзур бидоранд, балки маъќул њам бидонанд.

Ин даъфа њам, чун дўзандазанакро аз юрта бароварданду барои сайри шармандавор ба ароба савор карданд, одамон чун занбўрњо шўр бардоштанду беќарор гаштанд. Вале мушаке дар чењраи Чингизхон бељо нашуд. Ў њамоно зери чодари тахти равон, дар њалќаи парчамњои парафшону кезегулњои њайкалсон карахти байраќбардор менишаст. Маќсад аз ќатли мазкур мањз њамин буд – бигзор њамаро сабаќ бишавад, ки дар роњи юриш монеаи ночизтарин њам норавост. Ботинан Хоќон мефањмид, ки дар нисбати ин зани љавон, ин модар чунин љазои берањмонаро раво надиданаш њам мумкин буд, метавонист ўро бубахшад, вале дар ин амал маъние дарнамеёфт: олињимматї оќибати хуб надорад – њокимият суст мешаваду мардум – густох. Не, ў пушаймон нест, ягона боиси норозигиаш њамин аст, ки маъшуќи дўзандазанакро ошкор кардан муяссар нашуд.

Худи он дўзандазанаки мањкуми дор, гиребончоку мўпарешон, савори ароба, аллакай аз назди сафњои ќўшуну корвон равон аст ва мўњои сиёњи анбўњаш, ки аз нури офтоби субњ чун ангишти муљалло медурахшанд, рўи камхуну рангкандаашро пўшонда-анд. Вале сарашро паст намегирифт Догуланг ва бо нигоњи тињиву њасратбор ба атроф менигарист – дигар чизи пинњон мекардагї надорад ў. Њо-о, ана, он зан, ки мардеро беш аз љонаш дўст доштааст ва, ана, тифли мамнўъи ў, ки аз ин ишќ тавлид шуда!

Лекин одамон беш аз ин донистан мехостанду дод мезаданд:

- Э байтал, куљост айѓират? Кист ў?

Ва, аз эњсоси бешууронаи айб худ ба худ ба ваљд омадаву хашмитар шуда, фарёд мезад издињом, ки хешро зудтар аз ин гуноњи ќабењ ворањонад:

- Биовезед ќанчиќро! Зуд биовезед! Дер кардан чї лозим?

Созандагони маросими ќатл шояд умед доштанд, ки тўдаи беш аз пеш хашмї рўњи зардўзро шикаста метавонад. Нойони наровозу њангомахоње, ки ба хотири хоќон ба њама кор омода буд, аз ињотаи хон људо шуда, сўи он сањнаи дилфишор - аробае, ки зардўзи мањкумро мебурд ва канизаки тифл сари даст бар-бари он равон - асп тозонд.

- Биистед канї! – Аз роњ боздошт онњоро ва, ба сафи саворон рў оварда, дод зад: - Гўш кунед њама! Ин бењаё бояд аз кї зойданашро бигўяд! Бигўяд, ки бо кї алоќа доштааст! Ку, бигў, падари кўдакат дар байни њамин мардон аст?

Догуланг љавоби рад дод. Ѓулѓулае сафњоро фаро гирифт.

Ароба аз назди дастае пеши дигараш мерафту юзбошињо садо мекарданд:

- Дар дастаи ман нест! Шояд дар дастаи туст он чаќќон?

Њамзамон он наровоз баисрор аз занаки зардўз талаб мекард, ки падари навзодашро нишон бидињад.

Ана, боз аробаро рўбарўи дастае нигоњ доштанд ва боз њамон савол садо дод:

- Нишон бидењ, љалаб, аз кї зойдї?