26469.fb2
- Не, ин љо нест падари кўдаки ман!
Боз њам касе диќќат надод, ки Эрдене-юзбошї якбора сар ба замин афканд ва њамоно бо як зўре худро ором вонамуд.
Се љаллод аллакай тайёр буданд. Онон, ки хилъатњои сиёњи остинњояшон барзада ба тан доштанд, шутури дукўњонаеро ба мобайн бароварданд. Шутур чунон калон буд, ки сари аспсаворон њамагї ба миёнаи шикамаш мерасид. Бино бар набудани чўб, кўчманчиён дар даштњои кушод аз замони ќадим чунин тарзи ќатлро ба кор мебурданд – мањкумшудагонро аз ду тараф дар кўњони шутур меовехтанд ва агар муљрим як нафар бошад, халтаи пур аз рег ба сифати њамтарозуяш хизмат мекард. Њамтарозуе чунин барои Догуланги зардўз низ омода буд.
Љаллодон, бо дўѓу даранг ва зарбањои чўб, уштури пурхашмона ѓурронро маљбур карданд, ки поњои дарози барљастаустухонашро зери худ ѓундошта, ба замин бихобад. Дор тайёр шуд.
Наќорањо боз батадриљ ба хурўш даромаданд, то ки дар лањзаи зарур якбора ѓулѓула ангезанду дилу майнањоро карахту гаранг кунанд.
Нойони наровоз, аз афташ ин даъфа барои дилхушї, боз ба зардўз рў овард:
- Охирин бор мепурсамат. Ту, фоњишаи беаќл, аздусар мемурї, њаромиат њам зинда намемонад! Чї хел бифањмем, охир, наход надонї, ки аз кї буѓўз шудаї. Шояд, боз камтар зўр зада, ба ёд меорї?
- Ким-кай, аз ин љоњо дур рўй дода буд ин воќеа, - посух дод зардўз.
Њар-њари мардону чирроси занон фазои даштро пур кард.
Нойон бошад, њељ таскин намеёфт:
- Пас, дар бозор љўр шудед?
- Њов, дар бозор! – Барќасдона гуфт Догуланг.
- Савдогар буд ё овора? Балки дузди бозор буд, ња?
- Савдогар буд, овора буд, дузди бозор буд – намедонам, - такрор кард ўро Догуланг.
Боз њар-њару чиррос ба фазо печид.
- Фарќаш чї барои ин, ки савдогар аст, овора аст ё дузди бозор, муњимаш – он кор!
Њамин ваќт, ѓайричашмдошт, аз сафи сарбозон садое баромад - касе буррову баланд дод зад:
- Манам падари кўдак! Бисёр донистан бихоњед, манам!
Њама якбора хомўшу карахт шуданд – кист ин? Кист, ки дар лањзаи охирин ба фарёди марг љавоб дод, дар лањзае, ки рози ошкорнакардаи зардўзро абадї бо хеш мебурд?
Ва, чун аспи пешониќашќаашро мањмез занонда, Эрдене-юзбошї аз ќатор баромад, њама моту мабњут шуданд. Ў, Оќжулдузро боздошта, ба тўдаи мардум рў оварду баланд такрор кард:
- Бале, ман! Ин писари ман аст! Номаш – Ќунан! Модари писарам – Догуланг! Худам – Эрдене-юзбошї!
Ин суханонро гуфту пеши назари њама љањида аз асп фуромад, даст дароз карда, ба гардани Оќжулдуз тап-тап зад, ки асп тўрид. Юзбошї, рањорањ силоњу љињозашро аз тан рањо кардаву ба њар тараф афканда, сўи зардўз, ки љаллодон аллакай дастонашро медоштанд, равон шуд. Ў мерафту њама медиданд, ки одаме бепарво ба истиќболи марг ќадам мезанад. Ба мањбубааш, ки омодаи ќатлаш карда буданд, расида, Эрдене-юзбошї, ба зону зад ва ўро оѓўш кард, зан даст бар сари вай нињод ва њарду пешорўи марг, боз ба њам пайваста, сокит монданд.
Њамон замон бонги добулбасњо баланд шуд. Онњо чун подаи бесаранљоми барзаговон, бо тамоми овоз ѓуррида, ѓулѓула андохтанд. Ѓурришашон итоати умум ва шиддати њаяљони њамагонро дармехост. Ва њама якбора ба худ омаданду ба њолати ќаблї баргаштанд ва амру фармонњо баланд шуд, ки њамаро ба омодагиву идомаи юриш вомедоштанд. Наќорањо нидо мекарданд: њар кас бояд чун њамагон бошад, њамагон бояд ќарзи хешро адо бикунанд!
Њамоно љаллодон ба кори худ сар карданд. Боз се жасавул ба кўмаки ишон шитофтанд. Онњо юзбоширо ба замин афканда, зуд дастњояшро ба пушт бастанд, зардўзро низ ба њамин њол оварданд ва њардуро кашолакунон пеши шутури хобида бурданд; бошитоб банд партофта, як њалќаашро ба гардани юзбошї андохтанду дигарашро, аз болои кўњони шутур гузаронда, ба гардани зардўз ва ношикебо, зери ѓурроси якнавохти наќорањо, ба хезондани шутур пардохтанд. Шутур бархостан намехосту муќобилат мекард, дод мезаду дандон-њояшро шараќќас занонда, газиданї мешуд. Вале зарбањои беамони чўбњо маљбураш карданд, ки ќомати беназирашро рост кунад ва лањзае пас, аз ду тарафи шутури дукўњона, пайванди њам љасадњои ду нафаре, ки дар њаќиќат њамдигарро то гўр дўст дошта буданд, овезон шуд.
Дар тўпаланги наќорањо на њама аз сари пушта ѓайб задани равонтахти хоќонро пай бурданд. Хоќон хушњолона ќатлгоњро тарк мегуфт: љазодињї мувофиќи маќсад, беш аз интизораш сурат гирифт – оќибат оне, ки зардўзро ром кардаву дилхушињои тањи кўрпаро аз њама чиз боло гузошта буд, маълум шуд, охир; пеши назари њамагон љазои сазовор гирифт ва шояд ин талофии гуноњи он шахси охири кор номаълуммондае буд, ки Бортэи ў замоне оѓўшашро дидаву нахуст-фарзанде таваллуд кард, ки ботинан хоќон њељ дўсташ намедошт…
Наќорањо, њамоно мудњишу шадид ѓулѓула афкан-да, ба гардиши шутур, ки љасадњои овезони дилдода-гонро мебурд, љўр мешуданд. Дилдодагонеро, ки ду њалќаи як дори рўи кўњони шутуреро ба њам дида буданд. Юзбошиву зардўз бељон дар ду тарафи љонвари боркаш алвонљ мехўрданд. Ќурбоние буданд онњо дар пояи тахти хунини њокими ояндаи дунё.
Добулбасњо њамоно, њамаро талхакафу карахт намуда, садо мекарданд. Ва њар як кас он рўз бо чашмони худ медид, ки хилофи раъйи хоќони бемайлон сўи маќсади хеш рањсипор рафтан ба сараш чї меорад…
Жасавулони љаллод, дори мутањаррикашонро пеш андохта, бовиќор аз назди ќўшуну корвон гузаштанд. Ва то љасадњоро дар чуќурии ќаблан кандаашон гўр кардани онњо добулбасњо хомўш нашуданду наќора-чињо, араќшор гашта, ѓулѓула афканданд.
Дар ин миён ќўшун ба роњ баромад ва издињоми сањроии Чингизхон боз сўи Ѓарб њаракат намуд. Дастањои саворон, аробањо, галањо, устохонањои сайёр – њама ањли юриш, њарчи тезтар ќадам зада, мавзеи манфури дашти Саройро бошитоб тарк мегуфтанд. Бетаъхир рафтанд њама ва дар он љои матрук як вуљуди зору танњо – Алтуни тифл сари даст монд, ки намедонист сарашро ба куљо бизанаду љуръате надошт аз худ дарак бидињад. Њама баногоњ ўро аз ёд бурданд, гўё аз њанўз зинда буданаш ор карда, таркаш намуданд; њама чунин вонамуд мекарданд, ки намебинандаш, њама, чун њангоми сўхтор, мегурехтанду касеро фурсати пайхас кардани ў набуд.
Дере нагузашта, атроф сокит шуд, дигар на добулбасе монду на нидое ва на парчаме… Танњо паи суми аспону роњи пури пору, ки самти юришро нишон медод – наќши кўре дар дашти Сарой – ба чашм мерасиду бас…
Матруки њамагон – Алтуни зорро гўшњо аз танњої садо медод, ў бењолона аз назди гулханњои дўшин сарќути нимсўхтаву афканда ѓун мекарду устухонњои нимхоидаро дар халтае љамъ меовард. Миёни он њама пўстаки афкандае њам ёфту сари китф партофт, то шаб болини худу кўдак бикунад, кўдаке, ки бе ихтиёри хеш модараш шуда буд…
Њаќиќатан, Алтун намедонист чї кор кунад, кадом сў биравад, дар куљо сарпаноње љўяду тифлакро чї хел сер кунад. То шиштани офтоб ба мўъљизае умед дошт, ки баногоњ бахташ механдаду ягон юртаи бесоњиби чўпонї – сарпаноње дар ин дашт – дучораш меояд. Њамин хел гумонњо мекарду худро умедвор менамуд ўи канизак, ки баногоњ њам озодї ба даст оварда буду њам - аз ќисмат дўшборе, ки аз хаёлаш мењаросид. Охир, навзод њамин замон гушна мемонаду шир мехоњад ва пеши чашмони ў аз гушнагї мемирад. Аз њамин мењаросид ў. Ва илољу чорае надошт.
Чораи ягонаву аз эњтимол дуре, ки Алтун умед мебаст, дарёфтани одамон буд дар ин биёбони беодам ва, агар дар миёнашон ширдењ модаре бошад, кўдакро пеши ў бурдану худро ихтиёрї ба канизии онњо супурдан…
Таваккалан гоњ сўи офтоббаро рафтаву гоњ сўи офтобшин, зору њайрон мегашт занак дар он дашт… Кўдак сари даст бетанаффус мерафту мерафт. Ќариби пешин буд, ки тифлак, торафт беќарор шуда, ба њиќ-њиќ даромад ва, гиря карда, сина хост… Занак, парпечакњояшро ба тартиб овардаю рањорањ “љонам-шерам”-аш карда, рафтан гирифт. Вале, дере нагузашта, кўдак сахттар ба гиря даромад ва, дигар ором нашуда, то кабуд гаштан гирист; он гоњ Алтун, аз роњ бозистода, фарёд зад:
- Ёрї кунед! Ёрї кунед, охир, чї кор кунам ман?!
Дар тамоми он дашти бекарон на дуде ба назар мерасиду на шўълае. Дар он пањнои беодам чизе њам набуд, ки нигоњ бар он бархўрад… Дашт бекарон буду осмон бекарон ва танњо абраки сафеде оромона болои сар гирд мегашт…
Кўдак, печутоб хўрда, гиря мекард. Алтун ба зораву нола даромад:
- Чї мехоњї, охир, аз ман, э тифлаки сарсахт!? Нав чоррўза шудаї, охир! Бадбахт ба ин дунё омадї, бадбахт… Чї хел серат кунам, охир, чї хел? Намебинї, ки дар атроф љонзоде нест! Дар њама дунё танњоем мои бадбахт, танњо абраки сафеде дар осмон метобаду бас, мурѓаке њам намепарад, як абраки сафед тоб мехўраду тоб… Куљо биравем ману ту? Чї хел туро сер кунам ман? Ману туро тарк карданд њама, партофта рафтанд, падару модаратро овехтанду гўронданд. Охир, чаро љанг мехоњанд одамон, чаро бо байраќу наќорањо зидди њам мераванд, туи навзодро бадбахт карда, чї мехоњанд онон?!
Ва боз, кўдаки гирён дар сари сина, дар дашт ба давутоз даромад ў; медавиду меандешид, ки бояд наистад, ќарор нагирад, ки аз доѓу дард зиндабазинда пора-пора мешавад… Лекин навзод инро намефањмид, аз гиря гулўгир шуда, њаќи худро талаб мекард, шири гарми модар мехост. Алтун навмедона сари санге нишаст, гирёну хашмї гиребони куртаашро дарид ва синањаки пажмурдаи дањони кўдак надидаашро ба лабони ў монд:
- Мањ, бигир, мањ! Бовар кун! Шир дошта бошам, наход надињамат, охир, ятимаки бадбахт! Мањ, бубин, шояд боварат биёяду дигар љонбезорам накунї! Чї мегўям ман! Ба кї мегўям! Пистони хушкидаву гапњои бефоидаи ман ба ту чї даркор! Чї љазо буд, ки додиам, эй Осмон!
Кўдак, пистонро гирифтан замон, ором шуд. Бо тамоми вуљуд ба он неъмати дилхоњ часпида, бо забону дандонљояш мемакид ва чашмакони аз хурсандї дурахшонашро гоњ мекушоду гоњ мепўшид.
- Хайр, чї хел? – безардаву хастањол ширмакро надомат кард зан. – Бовар кардї акнун? Бовар кардї, ки бефоида мемакї? Њозир ту аз пештара њам сахттар ба гиря медарої. Он ваќт ман сарамро ба куљо мезанам дар ин дашти лаъин? Гумон мекунї, фиребат додаам, наход туро фиреб дињам ман? Тамоми умр канизам, лекин касеро фиреб надодаам; модарам дар кўдакиам мегуфт, ки дар мо, хитоињо, касе касеро намефиребад. Майлат, камтар ором шав, њаќиќати талхро њозир худат мефањмї…
Њамин хел суханон мегуфту мегуфт Алтун-канизак, худро ба ќисмати ногузир омода карда, вале ногоњ дар тааљљуб монд, ки ширмак аз пистони пуч њељ дил канданї набуду баръакс, дар чењраякаш нури њаловат медурахшид…
Алтун боэњтиёт сари синаашро аз дањани тифл гирифту њамоно оњиста фарёд зад – аз пистонаш љўяи шир равон буд. Моту мабњут гашта, синаашро ба дањани тифл монду лањзае пас берун овард ва боз дид, ки њамоно шир мешорад. Шир кардааст ў! Эњсос намуд зан, ки ќувваи ноаёне ба тамоми вуљудаш љорї мешавад.
- Худоё! – Беихтиёр нидо кард Алтун-канизак. – Пистонам шир кардааст! Шири њаќиќї! Мешунавї, майдањаки ман, модарат хоњам буд ман! Акнун ту њалок намешавї! Осмон ба додамон расид, љигаргўшаи манї ту акнун! Номат Ќунан аст, чунин номида будандат волидон, падару модарат, ки ба якдигар дил доданд, то туро ба дунё биёранду дар ин роњ бимиранд! Шукри оне бикун, эй тифл, ки ин муъљиза – шири маро барои ту падид овардааст…
Алтун, моту мабњути ин воќеа, сукут кард. Саропояш таспиду дар пешониаш ќатрањои араќ пайдо шуд. Ба чор сўи он пањнои бекарон нигариста, касеву чизе надид ў, фаќат офтоб шўълапошї мекарду абраки сафеди танњое болои сарашон чарх мезад.
Тифлак, сер шуда, боз хоб рафт; љисмакаш рўи дастони нимќати зан, бо эътимоди том осуду нафасгириаш мунтазам шуд ва зан, њамаи он чизеро, ки аз сараш гузашта буд, фаромўш кардаву бонги мудњиши добулбасњоро, ки њанўз дар гўшњояш садо медод, бартараф намуда, ѓарќи эњсоси ширини то кунун ноошнои модарї гардид ва дар он эњсос вањдати файзбори замину осмону пистони саршори шири љонбахшро дарёфт…
Дар ин миён юриш давом дошт… Издињоми бузурги фотењи дунё бо љараёни муќарраршуда љониби Ѓарб мерафту мерафт. Дашт аз ќўшуну корвон ва галаву подањо сиёњї мекард…